Ҳайати доварон дар бозии “Истиқлол” ва “Шарҷа” маълум шуданд

Бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Шарҷа»-и Аморати муттаҳидаи Арабро гурӯҳи доварон аз Баҳрайн ҳакамӣ менамоянд.
Сардовари ин бозӣ Аммар Иброҳим Маҳфуд таъин карда шуд. Кӯмакдоварон – Муҳаммад Ҷаъфар Салмон ва Абдулло Солеҳ Муҳсин ва довари эҳтиётӣ Муҳаммад Холид Таррар мебошанд. Нозири доварон – Сукбир Синх (Сингапур), комиссари бозӣ – Рашид Ал-Досари (Қатар) таъйин гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО -2024/25 «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Шарҷа» (АМА) 17 -уми сентябр дар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 21:00 оғоз мешавад.