Ҳайати мунтахаби Испания U-17 дар Ҷоми ҷаҳон муайян шуд

Ҳайати мунтахаби Испания U-17  дар Ҷоми ҷаҳон муайян шуд

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, аз 26-уми октябр то 17-уми ноябр дар кишвари Бразилия Чемпионати ҷаҳон байни мунтахабҳои U-17 баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ футболбозони навраси тоҷик низ ширкат мекунанд. Футболбозони кишвари мо шомили гурӯҳи “Е” буда, бо яккачинҳои бузурги ҷаҳон – Испания, Аргентина ва Камерун рақобат мекунанд. Ҳамин тавр дирӯз ситоди мураббиёни мунтахаби наврасони Испания ҳайати тимашнро барои Чемпионати ҷаҳон -2019 расман эълон намуданд. Ёдовар мешавем, ки ба ҳайат ситораи “Барселона” Ансу Фати даъват нашудааст.

Ҳайати мунтахаби Испания U-17 барои Чемпионати ҷаҳон-2019

Дарвозабонҳо: Иван Мартинес (“Осасуна B”), Эрик (“Реал Бетис”), Хуан Гарсия (“Малорка B”);

Дифоъгарон: Алехандро Франкес (“Реал Сарагоса”), Менаргуес (“Валенсия В”), Хави Лопес (“Алавес Б”), Рафа Марин (“Реал Мадрид –U18”), Хосе Мартинес (“Барселона Б”), Адриан Гомес (“Атлетико Мадрид Б”), Алваро Каррилло (“Реал Мадрид –U18”);

Нимҳимоятгарон: Алиакс Мориба (“Барселона Б”), Бенат Турриентес (“Реал Сосйедад Ҷувенил А”), Роберт Наварро (“Реал Сосйедад Хуневила А”), Айтор Гелардо (“Вилярреал Хувенил А”), Йемери Пино (“Вилярреал Ҷувенил А”), Ларрубиа (“Малага Б”), Ҷерман Валера (“Атлетико Мадрид Б”);

Ҳамлаварон: Жорди Эскабар (“Валенсия месталя”), Аранда (“Реал Мадрид –U18”), Пабло Морено (“Ювентус U-19”), Педри (“ФК Лас-Палмас”);

Сармураббӣ: Давид Гордо