Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян шуд

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян шуд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» иштирок мекунад. Барои омодагӣ ба ин мусобиқа сармураббӣ Усмон Тошев 22 футболбоз аз ҷумла, 2 дарвозабон, 5 дифоъгар, 10 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлаварро даъват намудааст. Мусобиқа 8-14 декабр дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Тими мунтахаби кишвар бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо мунтахабҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) вомехурад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қиргизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Дифоъгарон: Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳарду – «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров, Алишер Баротов (ҳарду – «Хуҷанд»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»);

Ниммуҳофизатгарон: Муҳаммадҷон Раҳимов, Саидмухтор Азимов (ҳарду – «Истиқлол»), Шервони Мабатшоев (КМВА «Помир»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков (ҳама – «Кӯктош»), Ҳоҷибой Зиёев («Истаравшан»), Парвизҷон Алиев («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Локомотив-Помир»), Шарафҷон Солеҳов (бе бошгоҳ);

Ҳамлаварон: Шериддин Бобоев, Шахром Самиев (ҳарду «Истиқлол»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

1-ум давр

8 декабр (якшанбе)

15:00. Сурия – Малӣ

19:35. Чин – ТОҶИКИСТОН

2-юм давр

11 декабр (чоршанбе)

15:00. Малӣ – ТОҶИКИСТОН

19:35. Сурия – Чин

3-юм давр

14 декабр (шанбе)

15:00. ТОҶИКИСТОН – Сурия

19:35. Чин – Малӣ

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Чин.