Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ муқобили мунтахабҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ муқобили мунтахабҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус (20 март) ва Тимори Шарқӣ (25 март), ки дар Душанбе баргузор мешаванд, эълон кард.

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар: 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомиланд. Аз 25 футболбози даъватшуда 13 нафарашон легионер мебошанд.

Дастаи мо омодагиро ба рақобатҳои дарпешистода имрӯз, 16 март оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми март бо яккачини Беларус вохӯрии дӯстона ва 25-уми март бо мунтахаби Тимори Шарқӣ бозии даври муқаддамотии Ҷоми Осиё-2027-ро анҷом медиҳад. Ҳарду нерӯсанҷиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз меёбанд.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ муқобили мунтахабҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Россия), Олег Баклов («Уфа», Россия), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Хуҷанд»);

Дифоъгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Динамо», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама – «Истиқлол»), Раҳматшо Раҳматзода («Барқчӣ»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив-Пловдив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Кяпаз», Озарбойҷон), Амадонӣ Камолов («Гул-Гуҳар», Эрон), Салоҳиддин Иргашев («Арсенал», Беларус), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳама – «Истиқлол»), Азизбек Ҳаитов («Равшан»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Ӯзбекистон), Далер Шарипов («Шӯртон», Ӯзбекистан), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳама – «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Сармураббӣ– Гела Шекиладзе (Гурҷистон/Белгия).