Ғайраталӣ Мираҳмадов бозии шогирдонашро дар Ҷоми КФО баҳо дод

Ғайраталӣ Мираҳмадов бозии шогирдонашро дар Ҷоми КФО баҳо дод

Баъди бозӣ бо дастаи “Аҳал” сармураббии дастаи “Равшан” Ғайраталӣ Мираҳмадов дар нишасти матуботӣ ширкат варзида ба саволҳои рӯзноманигорон посух гуфт. Сараввал сармураббӣ вобаста ба бозӣ изҳор дошт, ки “Дастаи “Равшан” новабаста аз бозӣ кӯшиш намуд, ки дар ин рақобат ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавад. Мутаассифона мо дар қисми аввали бозӣ ду голи тезкор ба дарвозаи худ сардодем. Аммо баъди ин голҳо дастаи мо ба худ омад ва чандин имкониятҳои хуби голзанӣ созмон дод. Дар қисми аввали бозӣ мо ба футболбозони ботаҷрибаи худ умед кардем ва мақсад гузоштем, ки дар нимаи дуюми нерусанҷӣ дар хати ҳамла футболбозони ҷавонро дарорем. То андозае мо ба ин кор муваффақ шудем, аммо дар зарбаи охирин кори мо омад накард ва ҳамин тавр мо дар ин бозӣ мағлуб шудем.”


Инчунин Далер Шомуродов муаллифи ягона голи дастаи “Равшан” баъди бозӣ иттилоъ дод, ки “Мо дар ин бозӣ имконияти хуби ғолиб омаданро доштем, вале ду голи тезкори дастаи ҳариф кори моро дар аввали набард каме душвор кард. Имкони мо барои баромадан ба даври дигар ҳоло ҳам аз даст нарафтааст. Мо кӯшиш мекунем, ки дар вохӯрии баъдӣ натиҷаи дилхоҳро ба даст оварем".