Аз Эрон рондаву ба муғул монда

Аз Эрон рондаву ба муғул монда

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҷудо Саид Муллоӣ шаҳрвандии кишвари Манголияро ба даст оварда, дар охирин мусобиқаи сол, ки дар шаҳри Синдаои кишвари Чин доир мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ҳамин рӯз Саид Муллоӣ дар шаҳри Улан-Батор бо президенти Манголия ва  собиқ президенти Ассотсиатсияи ҷудо  Халтмаагийн Баттулга вохӯрӣ намуда, аз дасти ӯ шиносномаи ин кишварро соҳиб гардид. Баъд аз низоъе, ки байни қаҳрамони ҷаҳон-2018 ва Федератсияи ҷудои Эрон ба вуқуъ пайваст, ӯ ба кишвари Олмон фирор намуда, пас бо сабабҳои номаълум ба кишвари Манголия куч баст.

"Ман дар Ҷопон қарори муҳимтаринро дар ҳаётам қабул кардам. Шояд ман ҳеҷгоҳ дигар оилаамро набинам. Ман медонам, ки ин бароям хеле сангин аст. Қаҳрамони олимпӣ шудан, ин орзуи кӯдакии ман аст”- мегӯяд Саид Муллоӣ.