Аз фоҷиаи бузурги «Хиллсборо» 32 сол сипарӣ шуд

Аз фоҷиаи бузурги «Хиллсборо» 32 сол сипарӣ шуд

15 апрели соли 1989 рӯзи сиёҳ дар таърихи «Ливерпул» сабт шудааст. Варзишгоҳи Шеффилд барои ҳамаи мухлисоне, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми Англия бар зидди «Ноттингем» ҳузур доштанд, хеле хурд буд. Дар як зарбаи даҳшатнок, 96 мухлис аз ҳаёт маҳрум шуданд ва 766 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаҳо интиқол дода шуданд. Дар ин фоҷиа ҷияни Стивен Ҷеррард даргузашт, ки ӯ хурдтарин қурбонии он фоҷиа буд. Пас аз ин ҳодиса дар Англия панҷараҳо ва айвонҳои насбшуда, аз варзишгоҳҳо тоза карда шуданд.