Аз Месси, Неймар ва Мбаппе умеди бузург буд, вале...

Аз Месси, Неймар ва Мбаппе умеди бузург буд, вале...

Рақобати дастаҳои “ПСЖ”-и Фаронса ва “Брюгге”-и Белгия дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо сурат гирифт. Бозии мазкур дар майдони “Ян Брейдел”-и шаҳри Брюгге доир шуда, бо ҳисоби мусовии 1-1 хатм ёфт.

Голи нахусти ин рақобат аз ҷониби ниммуҳофизатгари марказии “ПСЖ” Андер Эррера зада шуд. Эррера аз партофти Клиан Мбаппе истифода бурда, дар дақиқаи 15-ум тими фаронсавиро пешсаф сохт. Бозингари дастаи “Брюгге” Ханс Ванакен дар дақиқаи 27-ум гол зада, баробариро дар ин бозӣ таъмин намуд. Қисмати дуюми рақобат бидуни гол ба анҷом расид.

Ҳарчанд ҳаводорони тими “ПСЖ” дар ин рақобат аз хати сегонаи ҳамлаи ин даста Месси, Неймар ва Мбаппе умед ба голзанӣ доштанд, вале ин бозингарон ба задани гол даст наёфтанд. Баъди ин мусовӣ дастаи “ПСЖ” ва “Брюгге” соҳиби 1 имтиёз шуда, дар зинаҳои 2-юм ва 3-юми гурӯҳи “А” мавқеъ гирифтаанд. Садрнишини гурӯҳи мазкур дастаи “Манчестер Сити” мебошад, ки дар даври аввал “Лейпсиг”- Олмонро ба шикаст рӯ ба рӯ сохт.