Бӯйи қаҳрамонӣ ба машом мерасад...

Бӯйи қаҳрамонӣ ба машом мерасад...

"Ливерпул" дар даври 24-уми Премйер-лигаи Англия бо "Вулверҳэмпто"н дар сафар дидор анҷом дода, бо ҳисоби 1-2 пирӯз гардид. Ҳисоби бозиро Ҷордан Ҳендерсон дар дақиқаи 8-ум кушод. "Вулверҳэмптон" дар нимаи аввал метавонист, ки натиҷаро баробар кунад, аммо мизбонон аз имкониятҳои худ истифода карда натавонистанд. Ба мисли бозиҳои дигари худ "гургҳо" қисмати дуюми дидорро фаъол оғоз карда, бо голи задаи Раул Хименес ҳисоб баробар шуд. Роберто Фирмино дар шаш дақиқа мондан то хотимаи вохӯрӣ натиҷаро 1-2 карду ғалабаи 23-юми дастаашро таъмин намуд. Барои қаҳрамони Премйер-лига шудан акнун "Ливерпул"-ро мебояд, ки дар 9 бозии дигар се имтиёзӣ ба даст оварад.