Баҳодур Усмонов яке аз умедҳои Тоҷикистон дар Олимпиадаи Париж-2024 аст

Баҳодур Усмонов бори дуюм аст, ки аз риштаи бокс дар Олимпиада намояндаи Тоҷикистон аст.
Муштзани соҳибноми тоҷик Баҳодур Усмонов (63,5 кг) моҳи марти соли равон дар даври чаҳорякниҳоии якумин мусобиқаи интихобии Бозиҳои Олимпӣ дар Италия муқобили муштзани ҷопонӣ Нишияма Шион бо қарори ҷудогонаи доварон бо ҳисоби 3:2 зафар ёфта, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро ба даст овард.
Пас аз роҳ ёфтан ба Олимпиада Баҳодур Усмонов моҳи июн дар мусобиқаи RCC Boxing Promotions иштирок кард. Баҳодур Усмонов (8-0, 3 КО) муқобили Доуд Алаев (9-0, 5 КО) дар мусобиқаи мазкур ғалаба ба даст овард.
Баҳодур Усмонов барандаи нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс (63,5кг) дар шаҳри Тошканд дар соли 2023, қаҳрамони Осиё оид ба бокс (64кг) дар шаҳри Бангкок дар соли 2019, 2 карат барандаи медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба бокс (64кг) соли 2021 Дубай-АМА ва соли 2022 (64кг) Амман-Урдун, Иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020, Ғолиб ва ҷоизадори чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба бокси касбӣ ва ғайрикасбӣ ва қаҳрамони ҷандкаратаи Тоҷикистон оид ба бокс мебошад.
Усмонов бо мураббияш Мирзо Шамсиев дар дохил ва хориҷӣ кишвар омодагиҳои заруриро ба Бозиҳои Олимпии Париж -2024 гирифта, яке аз умедҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур маҳсуб мешавад .
Ба Баҳодур Усмонов дар Бозиҳои Олимпии Париж -2024 барору комёбӣ таманно мекунем!