Баҳрайн мизбони Формула-1

Баҳрайн мизбони Формула-1

Марҳилаи аввали чемпионати ҷаҳон оид ба Формула-1 аз 26 то 28 март дар Баҳрайн баргузор мешавад. Тақвими тағйирёфтаи мусобиқаҳо дар сомонаи расмии Формула-1 нашр шудааст.

Тибқи нақша чемпионат мебоист дар Мелбурн рӯзҳои 19-21 март баргузор гардад, аммо Гран-прии Австралия ба 19-21 ноябр мавқуф гузошта шуд. Гран-прии Чинро Гран-прии Италия иваз мекунад ва он рӯзҳои 16-18 апрел дар Имола баргузор мешавад. Ин тағйиротҳо ба бемории коронавирус алоқаманданд.