Баҳризода ва Баҳронов беҳтаринҳои моҳи май дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 эътироф гардиданд
Лигаи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои моҳи майро дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи якум эълон кард.
Ҳамлагари дастаи «Саразм» Паҳлавон Баҳризода беҳтарин бозигари моҳ номида шуд. Ӯ дар моҳи май дар панҷ бозии Лигаи якум ду маротиба беҳтарин бозингари рақобат дониста шуда, ба задани се гол даст ёфт.
Сармураббии «Саразм» Ҷамшед Баҳронов беҳтарин мураббии моҳ номида шуд, ки дастаи шаҳри Панҷакентро ба се пирӯзӣ ва ду мусовӣ расонд.
Илова бар ҷоизаҳо беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббии моҳи май дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои лигаи якум аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо 2000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.