Ба Родриго Бентанкур дар бозӣ бо “Ливерпул” чӣ рӯй дод?

Ба Родриго Бентанкур дар бозӣ бо “Ливерпул” чӣ рӯй дод?

Нимҳимоятгари дастаи “Тоттенҳэм” Родриго Бентанкур ҳангоми зарбаи кунҷӣ дар даври нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия муқобили “Ливерпул” дар дохили ҷаримагоҳ аз пой афтид ва аз ҳуш рафт.

Футболбоз ба ёрии тиббӣ ниёз дошт. Табибон тақрибан 9 дақиқа кӯмак расониданд ва баъд аз он футболбозро ёрии ниқоби оксиген аз майдон берун бурданд. Версия вуҷуд дорад, ки Бентанкур инсулт дошт.

Дар дақиқаи 15-уми бозӣ Бентанкурро дар майдон Бреннан Ҷонсон ба таври иҷборӣ иваз кард.

Баъдан, худи бозигар дар Instagram як “сториз” нашр карда, дар он гуфт, ки ҳама чиз бо ӯ хуб аст. Вай инчунин барои орзуҳои нек изҳори сипос кард ва «Тоттенхэм»-ро бо пирӯзӣ табрик гуфт.

"Тоттенҳэм" дар бораи аҳволи футболбоз аввалин маълумоти расмӣ дод. Ба гуфтаи тими шаҳри Лондон, Родриго Бентанкур ба худ омад ва аллакай гап мезад. Сипас ӯ барои муоина ба беморхона меравад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия дастаҳои “Тоттенҳем” ва “Ливерпул” дар шаҳри Лондон андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи “Тоттенҳэм” анҷом ёфт.

Голи ягона ва ғалабовари бозиро Лукас Бегвалли 18 сола марбути номи хеш кард. Ғалабаи “Тоттенҳэм” бар “Ливерпул” дар Ҷоми Лигаи Англия пас аз 17 сол ба даст омад. Қаблан, “Тоттенҳэм” моҳи ноябри соли 2008 бо ҳисоби 4 бар 2 “Ливерпул”-ро дар Ҷоми Лигаи Англия шикаст дода буд. Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 6-уми феврал дар Ливерпул доир мегардад.