Бамба "Лилл"-ро аз бохт наҷот дод

Бамба "Лилл"-ро аз бохт наҷот дод

Дар доираи рақобатҳои даври чаҳоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо дастаи итолиёвии "Милан" ба меҳмонии дастаи "Лилл"-и Фаронса ташриф бурд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи "Пйер Моруа" доир гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Ҳарчанд дастаҳо дар нимаи аввали бозӣ кӯшишу талош намуданд, то дарвозаи якдигарро рахна намоянд, аммо ба тарафайн ин имкон даст надод. Дар нафасҳои аввали нимаи дуюми майдондорӣ, ниммуҳофизатгари дастаи "Милан" – Саму Кстилехо аз партофти Анте Ребич истифода бурда, дарвозаи мизбоноро рахна сохт. Дар дақиқаи 65-ум ҳамлагари мизбонон – Жонатан Бамба бо як зарбаи ҳадафраси худ тӯбро вориди дарвозаи Доннарума гардонида, ҳисобро барқарор намуд. Дар идома агарчи дастаҳо дар назди дарвозаи ҳамдигар ҳолатҳои хавфнокро ба вуҷуд меоваранд, вале дигар натиҷа тағйир наёфт. Ҳамин гуна, дастаи "Лилл" баъди ин мусовӣ 8 имтиёз касб намуда, садрнишини гурӯҳи "Н" мебошад. Дастаи "Милан" бо доштани 7 хол ҷойи дуввумро ишғол мекунад.