Барандаи нави ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" - 2019 муайян шуд

Барандаи нави ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" - 2019 муайян шуд

Тибқи иттилои сомонаи расмии Mirror форварди аргентинии "Барселона" – Лео Месси ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-и навбатиашро имшаб соҳиб мегардад. Дар интернет расме пайдо шудааст, ки дар он аллакай барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" - 2019 муайян шудааст. Дар расм нишон дода мешавад, ки Лео Месси бо соҳиб шудани 446 овоз дар зинаи якум қарор гирифтааст. Дар зинаи дуюм бошад, дифоъгари “Ливерпул” Виргил ван Дейк бо 382 овоз қарор гирифтааст. Ҷои сеюм ба футболбози дигари “Ливерпул” – Муҳаммад Салоҳ (179 хол) рост меояд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ ситораи “Ювентус” Роналду бо 133 имтиёз дар ҷои 4-ум қарор гирифтааст.

Хотиррасон мекунем, ки маросими ҷоизасупории "Тӯби тиллоӣ 2019" имшаб соати 00:30 ба вақти Душанбе дар шаҳри Парижи Фаронса доир мешавад. Шабакаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Футбол” ин маросимро мустақиман манзури тамошобинон мекунанд.

Изображение