Баргузории 8 марҳилаи Формула-1 дар соли ҷорӣ

Баргузории 8 марҳилаи Формула-1  дар соли ҷорӣ

Хадамоти матбуотии Формула-1 ҷадвали расмии ҳашт марҳилаи аввали мавсими соли 2020-ро нашр кард. Ҳамаи мусобиқаҳо дар қораи Аврупо баргузор мешаванд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба пойгаи мошинронии Формула-1 аввали моҳи июн дар «Ред Булл Ринге» оғоз меёбад. Дар пайраҳаи Шпилберг якбора ду марҳила - Гран-при Австрия ва Гран-при Штирия баргузор мешавад.

Баъд аз ин, Гран-при Маҷористон дар тақвим ба нақша гирифта шудааст. Сипас - ду марҳила дар Силверстоун - Гран-при Британия ва Гран-прии 70-солагӣ - ба ифтихори солгарди таъсиси Формула-1 ва ҳар яке дар Испания, Белгия ва Италия доир мешаванд.

Ҳамаи мусобиқаҳо бидуни тамошобин, бо риояи қоидаҳои қатъии санитарӣ ва эпидемиологӣ, барои пешгирии паҳншавии коронавирус баргузор мешаванд. Масъулини Формула-1 баргузории 8 марҳиларо дар соли ҷорӣ дар нақша доранд.

Media attached to a post