Барои Беҳрӯз Хоҷазода Мастерс хотима ёфт

Барои Беҳрӯз Хоҷазода Мастерс хотима ёфт

Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода аз рақиби худ Виктор Стерпу - қаҳрамони феълии Аврупо дар даври якуми мусобиқаи Мастерс мағлуб шуд. Рақобатро Беҳрӯз хело хуб оғоз кард, аммо Виктор Стерпу паҳлавони тоҷикро буғӣ карда, роҳхати даври дуюмро ба даст овард.
Иштирокчии охирини Мастерс аз Тоҷикистон Темур Раҳимов (+100 кг) пагоҳ бо Стефан Ҳегйи аз Австрия рақобат мекунад.