Барои чӣ 23-юми июн ҳамчун Рӯзи Олимпӣ эътироф гардидааст?

Барои чӣ 23-юми июн ҳамчун Рӯзи Олимпӣ эътироф гардидааст?

Таърихи пайдоиши Бозиҳои олимпӣ ба Юнони Қадим рост меояд, лек Бозиҳои муосири олимпӣ беш аз як аср аст, ки доир мегарданд.


23-юми июни соли 1894 дар як кунгура дар шаҳри Парижи Фаронса бо ташаббуси Пйер де Кубертен, арбоби ҷамъиятии Фаронса, Кумитаи байналмилалии олимпӣ тасмим гирифт, ки Бозиҳои олимпӣ аз нав эҳё шаванд. Ва нахустин давраи Олимпиадаи муосир соли 1896 дар шаҳри Афинаи Юнон баргузор шуд. Баъди 108 сол (соли 2004) 28-умин давраи Бозиҳои олимпӣ дубора дар Юнон – ватани Олимпиада – баргузор гардид.


Ин иди варзишӣ яке аз муҳимтарин воқеъоти замони мо гаштааст. Бозиҳои олимпӣ чун қисми ҷудонашавандаи ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ варзишгарону мухлисони тамоми оламро муттаҳид месозанд.

Варзишгарони Тоҷикистон тӯли 56 соли ширкати худ дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ 10 медал – 5 тилло ва 5 биринҷӣ – ба даст овардаанд. Бештарин медалҳои олимпиро намояндагони Тоҷикистон дар ҳайъати дастаҳои мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиб шудаанд.

Нахуст, қаиқрон Юрий Лобанов соли 1972 дар Олимпиадаи Мюнхен дар рақобатҳо дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр бо шарики худ Владас Чесюнаси литвагӣ соҳиби медали тилло гаштааст. Сипас, соли 1976, камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова дар Олимпиадаи Монреал медали биринҷӣ ба даст овард. 

Баъдан намояндаи дигари Тоҷикистон Анатолий Старостин соли 1980 дар Олимпиадаи Маскав дар панҷҳарбаи муосир (асптозӣ, шиноварӣ, тирандозӣ, шамшербозӣ ва давидан ба масофаи 3 километр) ҳам дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҳам дар ҳайъати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ду медали тилло ба даст овард. Инчунин дар ин олимпиада Юрий Лобанов дар каноэи дукаса бо шарикаш Василий Юрченкои украинӣ бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид. 

Медали шашум ва тиллои олимпӣ ба варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев мутааллиқ гардид. Вай дар ҳайъати дастаи мунтахаби олимпии кишварҳои ИДМ соли 1992 дар Олимпиадаи Барселона дар гурзандозӣ ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ даст ёфтааст. 




Дар даврони Истиқлолият бошад, варзишгарони мо аз Бозиҳои Олимпӣ 4 медал 1 тилло 1 нуқра ва ду биринҷиро ба хазинаи дастовардҳои кишвари азизамон Тоҷикистон ворид сохтаанд. Дар бозиҳои Олимпии Пекин, ки соли 2008 баргузор шуд, кишвари мо яку якбора соҳиби ду медал як нуқра ва як биринҷӣ гардид, ки медали нуқраро Абдусаломов Юсуф (аз риштаи гӯштини тарзи озод) ва медали биринҷиро Расул Боқиев (риштаи ҷудо) ба даст оварданд. Сипас дар Бозиҳои Олимпии Лондон-2012 бонуи муваффақ ва хуштолеъи тоҷик, ки бо либоси миллии тоҷикии “Гулдӯзӣ” дили миллионҳо хориҷиро мафтуну шайдо намуда буд, аз риштаи бокс дар вазни то 60кг сазовори нишони биринҷӣ гардид. Ин охири кор набуд зеро дар Бозиҳои Олимпии Рио-2016 Тоҷикистонро тамоми мардуми сайёра шинохт. Варзишгари муваффақ ва ҳирфаии кишвари мо Дилшод Назаров аз намуди гурзпартоӣ комёб шуда, нахустин медали тиллои бозиҳои Олимпиро дар замони Истиқлолият ба даст овард.










Ҳоло бошад, ҷаҳон дар арафаи баргузории Бозиҳои Олимпии Токио-2020 қарор дорад. То имрӯз аз кишвари мо 7 нафар роҳхати ин бозиҳоро ба даст овардаанд, ки онҳо Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳарду бокс), Гулсумбӣ Шарифова варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (ҳама ҷудо) мебошанд.


Умед дорем, ки дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарони мо натиҷаи хуб нишон дода, ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ даст меёбанд.

23-юми июн Рӯзи бозиҳои олимпӣ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!