Барои Пуч дар нақшаи Куман дигар ҷой нест

Барои Пуч дар нақшаи Куман дигар ҷой нест

Сармураббии навтаъйини дастаи "Барселона" – Роналд Куман ба нимҳимоятгар Рики Пуч гуфтааст, ки дар мавсими оянда ӯро дар ҳайати "Барса" ҷой додани нест, менависад Marca.

Бино ба иттилои манбаъ, мутахассис ба испании ҷавон тавсия додааст, ки барои худ дастаи нав ҷустуҷӯ кунад. Барои футболбоз, ин комилан ногаҳонӣ буд, зеро ӯро мухлисон ва баъзе аъзои даста яке аз ояндадорони бошгоҳ медонистанд. Дар мавсими сипаришудаи Чемпионати Испания Рики Пуч дар 11 вохӯрӣ ду партофти головар анҷом дода, як корти зард гирифтааст.