Барса дар сафар бо мушкили соҳиби як имтиёз гардид

Дар доираи бозиҳои даври 7-уми чемпионати Испания дастаҳои “Малйорка” ва “Барселона” андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эстади Малйорка Son Moix” –и шаҳри Малйорка дар ҳузури 19 938 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт.
Голҳои “Барселона”-ро Рафиня ва Фермин Лопез заданд. Аз ҳайати “Малйорка” Ведат Мурики ва Абдон Пратс ба задани гол мушарраф гардиданд.
Пас аз мусовӣ дастаи “Барселона” бо 17 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот аст. Дар сурати ғалабаи “Реал Мадрид” дар бозии даври 7-ум бар “Лас-Палмас” бошгоҳи шоҳона ба садри ҷадвали Ла Лига мебарояд.