«Барса» ва «Юве» боз футболбозонашонро иваз мекунанд

«Барса» ва «Юве» боз футболбозонашонро иваз мекунанд

Дастаи «Ювентус» ба нимҳимоятгари фаронсавии «Барселона» Усмон Дембеле мароқ зоҳир намудааст. Бино ба гузориши сомонаи Calciomercato.com, дастаи каталонӣ футболбози 23-соларо бо вуҷуди он, ки мӯҳлати шартномааш пас аз 14 моҳ ба итмом мерасад, 50 миллион евро арзёбӣ мекунад. Ин маблағ барои “Ювентус” хеле гарон аст, аз ин рӯ варианте ҳаст, ки онҳо метавонанд Дембелеро ба осонӣ соҳиб шаванд. Роҳбарияти “Юве” умед дорад, ки нимҳимоятгар - Адриан Рабйоро бо Усмон Дембеле иваз кунад. Чаро ки вақтҳои охир сару садоҳо нисбати таваҷҷуҳи “нилунориҳо” ба ин бозигар баланд шуда буданд. Бояд гуфт, ки қаблан “Барса” ва “Юве” Артур Мелоро бо Миралем Пянич иваз намуда буданд.