“Барселона” 100-умин ҷоизаро дар таърихи клуб ба даст овард
Рӯзи якшанбеи 12-уми январ бозии ниҳоии Суперҷоми Испания миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Барселона” баргузор шуд. Вохӯрӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 5:2 ба фоидаи бошгоҳи каталонӣ анҷом ёфт.
Барои “Барселона”, ин садумин ҷоиза дар таърихи клуб аст - бо назардошти мусобиқаҳои каталонӣ. «Барселона» 27 маротиба Ла Лигаи Испания, 31 маротиба Ҷоми Испания, 15 маротиба Суперҷоми Испания, 3 маротиба Ҷоми Ева Дуарте, 2 маротиба Ҷоми Лигаи Испания, 5 маротиба Лигаи Чемпионҳо, 4 маротиба Ҷоми Ҷомҳои Испания, 5 маротиба Суперҷоми Аврупо , 3 маротиба Ҷоми байни шаҳрҳо , 3 маротиба Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо ва 2 маротиба Ҷоми Лотинро соҳиб шудааст.
«Барселона» инчунин дар мусобиқаҳои минтақавӣ дар Каталония 33 ғалаба дорад.