"Барселона" 8 футболбозашро ба фурӯш гузошт

"Барселона" 8 футболбозашро ба фурӯш гузошт

Эҳтимол аст, ки бошгоҳи футболи "Барселона" дар трансфери тобистона ҳайати хешро пурқувват кунад, хабар медиҳад Sport.es. 

Мувафиқи сарчаш даста тайёр аст, ки яку якбора аз 8 футболбоз ҷудо шавад. Номзади асоси Иван Ракитич ва Артуро Видал маҳсуб мешаванд, ки бо дастаи то соли 2021 шартнома доранд. Инчунин бошгоҳи "Барселона" мехоҳад, ки ҳамлавари дастаи "Интер" Лаутаро Мартинесро ба ҳайати даста ҳамроҳ намояд. Бозингарони дигаре, ки дастаи "Барселона" мехоҳад аз онҳо ҷудо шавад инҳо мебошанд: дарвозабон Нето, дифоъгарон Самуэл Юмтити ва Эктор Фирпо, хавбек Флиппе Коутиниё ва ҳамлавар Мартин Брайтвайт, ки моҳи гузашта ба ҳайати  даста ҳамроҳ шуда буд. Тибқи иттилоъ мумкин аст,  ки даста Коутиниёро нафурӯшад ва дар даста нигоҳ дорад. Ёдовар мешавеи, ки бошгоҳи "Барселона" ҳадафи асосиаш дар трансфери тобистона ба фурӯш гузоштани Антуан Гризманн маҳсуб меёбад.