“Барселона” қасди бохти “Реал”-ро аз “Албасете” гирифт

“Барселона” қасди бохти “Реал”-ро аз “Албасете” гирифт

Бозии марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Испания миёни дастаҳои “Албасете” ва “Барселона” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Карлос Белмонте”-и Албасете доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди “Барселона” хотима ёфт. Бо ин ғалаба "Барселона" ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Дар дақиқаи 39-уми бозӣ Ламин Ямал аз паси головари Френки де Йонг истифода намуда, дар ҳисоб “Барселона”-ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 56-уми вохӯрӣ Роналд Араухо аз паси голбахшои Маркус Рэшфорд истифода намуда, ҳисобро дуболо намуд.

Дар поёни рақобат Хавйер Морено аз паси Хосе Ласо истифода намуда, ягона голи тими мизбонро ба ҳадаф расонид. Дар идома голи ҳамлагари “Барселона” – Ферран Торресро бинобар ҳолати нобозӣ VAR бекор намуд.

Қобили зикр аст, ки “Албасете” дар марҳилаи ҳаштякниҳоии мусобиқа бар тими “Реал Мадрид” ба таври ғайричашмдошт бо ҳисоби 3 бар 2 зафар ёфта буд. “Барселона” дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бар “Расинг” бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки “Барселона” ғолиби феълии Ҷоми Испания ба ҳисоб меравад. Дар финали мусобиқаи соли 2025 дастаи каталонӣ дар вақти иловагӣ бар “Реал Мадрид” бо ҳисоби 3 бар 2 ғалаба карда, соҳиби ҷом гардида буд.