«Барселона» Аврупоро ба ларза даровард. Ҳоли “ПСЖ” чӣ мешуда бошад?

«Барселона» Аврупоро ба ларза даровард. Ҳоли “ПСЖ” чӣ мешуда бошад?

Дар рақобати ҷавобии даври ½ ниҳоии Ҷоми Испания дастаҳои «Барселона» ва «Севиля» рақобат намуданд. Нерусанҷии дастаҳо дар варзишгоҳи муҳташами «Камп Ноу» доир шуда, бо натиҷаи 3:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. “Нилунориҳо” рақобатро фаъол оғоз намуда, ҳанӯз дар дақиқаи 12-уми майдондорӣ бо голи задани Усмон Дембеле ба пеш баромаданд. Дар идомаи рақобат каталониҳо ҳарчанд кӯшиши голзанӣ менамуданд, аммо хати дифоъи “Севиля” намегузошт, ки Месси ва гурӯҳи ӯ ба задани гол даст ёбанд. Дар дақиқаи 73-юми дидор футболбозони меҳмон фурсати баробар намудани ҳисобро пайдо намуданд, аммо Лукас Окампос зарбаи 11 метраро оҳиста ба дастаи Марк-Андре тер Стеген равон намуда, имкони баробар намудани натиҷаро аз даст дод. Ҳамин тавр рақобат бо натиҷаи 1:0 ба нуқтаи ниҳоӣ наздик мешуд, ки дар дақиқаи 90+4 Жерар Пике бо сар тӯбро вориди дарвозаи “Севиля” намуда, рақобатро 30 дақиқаи дигар дароз намуд. Дар дақиқаи 95-уми вақти иловагӣ - Мартин Брайтвайт голи сеюми дастаашро ба самар расонида, “Барселона”-ро ба финали Ҷоми Испания бурд. Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи “Севиля” хотима ёфта буд. Акнун аз рӯи натиҷаи ду дидор каталониҳо бо ҳисоби 3:2 дастболо шуда, гузарномаи бозии финалиро соҳиб гардиданд. Баъди ин камбэк мухлисони “Барселона” боварӣ ҳосил намуданд, ки дастаи онҳо қудрати камбэк намуданд бар дастаи “ПСЖ”-ро низ дорад. Шумо чӣ фикр доред оё “Барса” дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бар зидди “ПСЖ” камбэк карда метавонад, ё боз дучори мушкилӣ мешавад?

Ҷоми Испания. Даври ½ ниҳоӣ

Бозии ҷавобӣ

«Барселона» — «Севиля» — 3:0 в.и. (1:0, 1:0, 1:0)

Голҳо: Дембеле, 12 (1:0). Пике, 90+4 (2:0). Брэйтуэйт, 95 (3:0).

«Барселона»: тер Штеген, Пике, Жорди Алба, Лангле, Мингеса (Фирпо, 78), Дест (Гризманн, 63), Бускетс (Мориба, 78), Ф.де Йонг, Месси, Дембеле (Брэйтуэйт, 89), Педри (Тринкан, 89).

«Севиля»: Васлик, Акуня (Хесус Навас, 54), Кунде, Диегу Карлос, Фернанду Режес, Оливер Торрес (Окампос, 62), Хоан Хордан (Эл-Ҳаддадӣ, 106), Л.де Йонг (Рекик, 54), Сусо (Гомес, 79), Алейш Видал (Ракитич, 54), Эн-Носирӣ.