“Барселона” аз фурӯши Ямал бар ивази 250 млн евро даст кашидааст
Собиқ президенти “Барселона” Жоан Лапорта изҳор дошт, ки соли 2024 клуби каталонӣ аз фурӯхтани вингер Ламин Ямал ба “ПСЖ” ба маблағи 250 млн евро даст кашида буд. Он замон футболбоз ҳамагӣ 17 сол дошт.
“Ду сол пеш “ПСЖ” барои Ламин Ямал ба мо 250 миллион евро пешниҳод кард. Мо рад кардем. Ӯ 17-сола буд ва баъзеҳо фикр карданд, ки мо девонаем!” — иқтибос овардааст аз суханони Лапорта рӯзноманигор Фабритсио Романо бо такя ба маълумоти расонаи хабарии футбол Jijantes FC.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Ямал дар ҳайати дастаи каталонӣ 33 бозӣ анҷом дода, 15 гол задааст ва 14 паси головар додааст. Портали Transfermarkt арзиши бозигарро 200 миллион евро баҳогузорӣ мекунад.