«Барселона» аз «Реал» пеш гузашт

«Барселона» аз «Реал» пеш гузашт

Бошгоҳи футболи “Барселона” аз шумораи ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” аз “Реал” пеш гузашт. Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-2019, ки Лео Месси ба даст овард, ин 12-уми ҷоиза барои футболбозони каталонӣ дар таърихи ин даста ба шумор меравад. Ҳамин тавр “Барселона” аз шумораи ба даст овардани ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” аз “Реал” пеш гузашт. Футболбозони “Реал” бошанд, дар навбати худ 11 Ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ба даст овардаанд.

Аз ин шумора шаш ҷоизаашро Месси дар солҳои (2009, 2010, 2011, 2012, 2015, 2019) соҳиб шудааст. Инчунин Луис Суарес (1960), Йохан Кройфф (1973, 1974), Христо Стоичков (1994), Ривалдо (1999), Роналдино (2005).

Аз ҳайати «Реала» «Тӯби тиллоӣ»-ро Алфредо Ди Стефано (1957, 1959), Раймон Копа (1958), Луиш Фигу (2000), Роналдо (2002), Фабио Каннаваро (2006), Криштиану Роналду (2013, 2014, 2016, 2017) ва Лука Модрич (2018) соҳиб шудаанд.