«Барселона» ба даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт

«Барселона» ба даври ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфт

Бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Барселона” ва “Наполи” дар варзишгоҳи муҳташами “Камп Ноу” доир шуд. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат доир шуда, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи Месси ва ҳамдастагонаш хотима ёфт. Дар ин дидор голҳои “нилунориҳо”-ро Клеман Лангле, Лионел Месси ва Луис Суарес ба ҳадаф расониданд. Ягона голи меҳмононро Лоренсо Инсинйе ба нишон расонид. Ҳамин тавр “Барса” аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, ба даври ¼ ниҳоӣ роҳ ёфт. Акнун “нилунориҳо”-ро дар даври мазкур рақиби сарсахт “Бавария” аст. Вохӯрии дасаҳо санаи 14-уми август дар назар аст.