“Барселона” ба силсилағалабаҳои “Атлетико” нуқта гузошт
Бозии даври 19-уми Ла Лигаи Испания байни дастаҳои “Барселона” ва “Атлетико Мадрид” ба анҷом расид. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 1 дар варзишгоҳи “Камп Ноу” дар шаҳри Барселона баргузор шуда, ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Рикардо Де Бургос Бенгочеа аз шаҳри Билбао довари асосии бозӣ буд.
Дар дақиқаи 20-уми бозӣ Алекс Баэна ҳисобро кушод ва “Атлетико Мадрид” ба пеш баромад. Науэл Молина паси головарро марбути номи хеш намуд. Рафиня дар дақиқаи 26-уми вохӯрӣ ҳисобро баробар кард. Педри паси головарро анҷом дод.
Дар дақиқаи 36-ум ҳамлагари “Барселона” Роберт Левандовски аз пеналти гол зада натавонист. Дар дақиқаи 65-ум Даниел Олмо голи дуюми “Барселона”-ро ба ҳадаф расонид. Дар дақиқаи 90+6-ум Ферран Торрес нуқтаи ниҳоиро дар бозӣ гузошта, ҳисобро 3 бар 1 намуд.
“Барселона” сеюмин ғалабаро дар варзишгоҳи навтаъмиршудаи “Камп Ноу” ба даст овард. Аз ин пеш шогирдони Флик бар “Атлетик” ва “Алавес” дар “Камп Ноу” пирӯз шуда буданд. “Атлетико” пас аз 7 бозии бебохт дар ҳама мусобиқаҳо аз “Барселона” мағлуб шуд.
Ҳоло “Барселона” бо 37 имтиёз аз 15 бозӣ дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқа мавқеъ гирифтааст. "Атлетико Мадрид" бо 31 имтиёз дар ҷои чорум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври оянда, “Барселона” дар сафар бо “Бетис” рӯзи 6-уми декабр ва “Атлетико” дар сафар бо “Атлетик” рӯзи 7-уми декабр бозӣ мекунанд.