“Барселона" бар “Атлетик” ғолиб омада, ба финали Суперҷоми Испания роҳ ёфт
Бошгоҳи “Барселона” дар марҳилаи нимниҳоии Суперҷоми Испания бар “Атлетик”-и Билбао бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба кард. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Дар ҳайати тими каталонӣ Рафиня дақиқаҳои 38 ва 52 дублро ба номи худ сабт кард. Ҳамчунин Ферран Торрес дар дақиқаи 22, Фермин Лопес дар дақиқаи 30 ва Руни Барҷи дар дақиқаи 34 ҳар кадом яктоӣ гол заданд.
Дар бозии дигари марҳилаи нимниҳоӣ имшаб, дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Атлетико” бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Ин дидор рӯзи 8-уми январ баргузор шуда, соати 23:50 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
“Барселона” қаҳрамони феълии мусобиқа маҳсуб мешавад. Дар финали соли гузашта, каталониҳо бо ҳисоби 5 бар 2 муқобили “Реал Мадрид” пирӯз шуда буданд. “Барселона” 15 маротиба соҳиби Суперҷоми Испания шудааст, ки натиҷаи рекордӣ маҳсуб мешавад.