«Барселона» – барандаи Ҷоми Испания - 2020/2021

«Барселона» – барандаи Ҷоми Испания - 2020/2021

Дастаи “Барселона” дар финали Ҷоми Испания бо тими “Атлетик Б” рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Олимпико де Севиля — Ла Картуха»-и шаҳри Севиля доир шуда, бо натиҷаи калони 4:0 ба фоидаи “нилунориҳо” поён ёфт. Гарчанде, ки каталониҳо дар қисми аввали вохӯрӣ имкониятҳои зиёди голзанӣ ба миён оварда бошанд ҳам, аммо дарвозаи рақибро рахна карда натавонистанд. Ҳамаи кор пас аз танаффус рӯх дод. “Барселона” дар 12 дақиқаи қисми дуюми дидор кори баскҳоро ҳаллу фасл кард. Нахустин шуда, дар дақиқаи 60-ум Антуан Гризманн натиҷаро боз кард. Се дақиқа пас Френки Де Йонг бо зарбаи сар ҳисобро дуболо намуд. Баъдан дар дақиқаҳои 68-ум ва 73-юм Лео Месси ду тӯби дигари дастаашро ба самар расонида, пирӯзии бузурги “нилунориҳо”-ро таъмин кард. Дар дақиқаи 86-ум бо кӯмаки Гризманн ҳисоб 5:0 шуд, вале пас аз мушоҳидаи VAR он гол бекор карда шуд. Ин пирӯзӣ боис шуд, ки “Барселона” 31-умин ҷоизаи хешро дар доираи Ҷоми кишвар соҳиб шавад. Бояд гуфт, ки ин натиҷа дар байни дастаҳои испанӣ рекорд мебошад.