“Барселона” барандаи Суперҷоми Испания дар соли 2026

“Барселона” барандаи Суперҷоми Испания дар соли 2026

Финали Суперҷоми Испания миёни дастаҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” ба анҷом расид. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Кинг Абдулло Спортс Сити”-и шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи “Барселона” анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 36-уми бозӣ аз ҷониби ҳамлагари бразилӣ Рафиня ба фоидаи “Барселона” кушода шуд. Дар дақиқаи 45+2-юми бозӣ Винисиус Ҷуниор ҳисобро баробар намуд. Барои Винисиус ин аввалин гол пас аз 19 бозии бегол буд.

Дар дақиқаи 45+4-ум Роберт Левандовски дар ҳисоби “Барселона”-ро ба пеш баровард. Пас аз 2 дақиқа Гонсало Гарсия ҳисобро мусовӣ намуд ва дастаҳо ба танаффус рафтанд.

Рафиня дар дақиқаи 73-юми бозӣ голи ғалабаоварро барои “Барселона” ба самар расонида, унвони 16-уми қаҳрамонии Суперҷоми Испанияро ба дастааш овард.

Ҳамин тавр, соли дуюм пайиҳам дар финали Суперҷоми Испания “Барселона” дар сарзамини Арабистони Саудӣ бар “Реал Мадрид” ғолиб омад.

Дар таърихи Суперҷоми Испания “Барселона” солҳои 1983, 1991, 1992, 1994, 1996, 2005, 2006, 2009, 2010, 2011, 2013, 2016, 2018, 2023, 2025 ва 2026 ба қаҳрамонӣ расидааст, ки натиҷаи рекордӣ маҳсуб мешавад.