"Барселона" дар қасди харидории ҷойгузини Суарес

"Барселона" дар қасди харидории ҷойгузини Суарес

Дастаи "Барселона" ҳамлавари ҷадидро ҷӯё аст. Тибқи хабари нашрияи Mundo Deportivo каталониҳо ба Киллиан Мбаппе ("ПСЖ"), Ҳарри Кейн ("Тоттенҳэм"), Маркус Рэшфорд ("МЮ"), Роберто Фирмино ("Ливерпул") ва Лаутаро Мартинес ("Интер") мароқ зоҳир кардаанд. Ёдовар мешавем, ки пас аз даври 8-уми Ла Лига "Барселона" бо касби 16 имтиёз дар мақоми дуюми ҷадвал қарор дорад.