“Барселона” Луис Суаресро аз даст дод
Ҳамлагари уругваии “Барселона” Луис Суарес ҷарроҳии зонуяшро бо муваффақият паси сар кард, хабар медиҳад нашрияти “Mundo Deportivo”.
Интизорӣ мерафт, ки Суарес аз 4 то 6 ҳафта ба майдон намебарояд. Аммо пас аз ҷарроҳӣ маълум гардид, ки ҳамлагари уругваӣ 4 моҳ наметавонад ба дастааш кӯмак кунад. Ҳамин тавр ӯ моҳи май ба майдон бармегардад.
Дар мавсими ҷорӣ Суареси 32-сола дар 17 бозии Ла Лига иштирок карда, 11 гол задааст ва 7 партофти голвар додааст.