“Барселона” ҷойгузини Бускетсро пайдо кард

“Барселона” ҷойгузини Бускетсро пайдо кард

Тибқи иттилои El Mundo Deportivo, «Барселона» ҷустуҷӯи ҷойгузини Серхио Бускетсро идома медиҳад. Дар трансфери тобистона, “нилунориҳо” мехоҳанд, нимҳимоятгари "Ренн" Эдуардо Камавингро ба имзо расонанд. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки як қатор дастаҳои   дигари аврупоӣ ба футболбоз мароқ зоҳир кардаанд. Аз ҷумла “ПСЖ”, ки аллакай дар бораи гузариши бозигар дархост кардааст. Ҳамчунин “Реал Мадрид” ҳам талабгори Эдуардо Камавинг аст.