“Барселона”- “Реал” Мадрид: кадоме ба финали Суперҷом мебарояд?

“Барселона”- “Реал” Мадрид: кадоме ба финали Суперҷом мебарояд?

Имшаб, 12 январи соли 2022, рақобатҳо барои ба даст овардани Суперҷоми Испания-2021 оғоз мешаванд. Чор даста: “Барселона”, “Реал” Мадрид, “Атлетико” Мадрид ва “Атлетик” Билбао барои соҳиб шудани он талош мекунанд. Мисли солҳои гузашта бозиҳо дар Арабистони Саудӣ доир мегарданд. Ҷуфтҳои даври нимниҳоӣ ба таври зайланд:

“Барселона” - “Реал” Мадрид

“Атлетико” Мадрид - “Атлетик” Билбао

Бозии якуми даври нимниҳоӣ бо иштироки “Барселона” ва “Реал” Мадрид, ки таърихан рақобатҳои байнихудии онҳо бо номи Эл-классико маъруф аст, имшаб 12-уми январ сурат мегирад. Оғози бозӣ соати 23:55. Бозии мазкурро Шумо метавонед тавассути ТВ “Варзиш” тамошо кунед.


Бозии дигари даври нимниҳоии Суперҷоми Испания-2021 байни дастаҳои “Атлетико” Мадрид ва “Атлетик” Билбао 13-уми январ барпо мешавад.

Баргузории бозии финалӣ бошад рӯзи 16-уми январ дар нақша аст.