“Барселона” роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор намуд

“Барселона” роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор намуд

Бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Барселона” ва “Бенфика” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Барселона дар ҳузури 47 111 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 3 бар 1 ба суди тими мизбон анҷом ёфт.

Ҳисобро дар ин бозӣ дар дақиқаи 11-ум нимҳимоятгари дастаи “Барселона” Рафиня боз кард. Дар дақиқаи 13-ум Николас Отаменди ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 27-ум Ламин Ямал мизбононро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 42-юм Рафиня боз гол зада, нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрӣ гузошт.

Бо дубли худ вингери 28-сола шумораи голҳояшро дар мавсими имсолаи Лигаи Чемпионҳо ба 11 адад расонид ва авввалин бразилӣ шуд, ки беша аз 10 гол дар як мавсими мусобиқаҳои аврупоӣ ба самар расонид.

Қаблан ягон футболбози бразилӣ дар таърихи мусобиқоти асосии аврупоӣ ба задани беш аз 10 гол ноил нашудааст. Ҳамин тариқ, Кака (2006/2007), Ривалдо (1999/2000), Жардел (1999/2000), Роберто Фирмино (2017/2018) ва Неймар (2014/2015) дар як мавсим 10-голӣ зада буданд.

Ёдовар мешавем, ки “Бенфика” дар бозиҳои плей-офф ширкат карда, дар он тими “Монако”-и Фаронсаро шикаст дод. “Барселона” аз марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо мустақиман ба 1/8 финал роҳ ёфт. Бозии аввали дастаҳо дар Португалия бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Барселона” анҷом ёфта буд. Онҷо ягона голро Рафиня марбути номи хеш намуд.

Ҳамин тавр, аз натиҷаи бозии рафту баргашт бо ҳисоби 4 бар 1 “Барселона” пирӯзӣ ба даст оварда, роҳашро ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ҳамвор намуд. Дар ин марҳилаи “Барселона” бо ғолиби ҷуфти “Боруссия”-и Дортмунд ва “Лилл” вомехӯрад.

ТВ "Варзиш"