"Барселона"-ро танҳо муъҷиза ба плей-офф мебарад

"Барселона"-ро танҳо муъҷиза ба плей-офф мебарад

Шаби 23-юми ноябр дар варзишгоҳи машҳури “Камп Ноу” бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Барселона” ва “Бенфика” баргузор шуд. Набарди дастаҳо гарчанде, ки пуршиддат баргузор шуда бошад, аммо бидуни задани гол хотима ёфт. Баъди ин дидор каталониҳо бо касби 7 хол дар зинаи дуюми гурӯҳи “Е” қарор доранд. Хави аввалин бозии Лигаи чемпионҳои худро ба ҳайси сармураббии "Барса" бо мусовӣ оғоз кард. Ин натиҷа ба фоидаи "каталониҳо" нест, зеро акнун тақдири роҳхати плей-офф дар даври охирон ҳал хоҳад шуд. Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдӣ ба "Барса" зарур аст "Бавария"-ро шикаст диҳад ё ин ки "Бенфика" зидди "Динамо Киев" ғалаба ба даст наорад.