«Барселона» се ситораашро баҳри Неймар ба фуруш гузошт

«Барселона» се ситораашро баҳри Неймар ба фуруш гузошт

Ба маълумоти сарчашмаҳои хабарии Испания бошгоҳи “Барселона” омодааст, ки Антуан Гризманнро бо ҳамлавари “ПСЖ” Неймар иваз кунад. Хабар дода мешавад, ки “нилунориҳо” арзиши Гризманнро 100 млн евро арзёбӣ намудаанд ва хостори он ҳастанд, ки Гризманн ва як миқдор маблағро бо Неймар иваз кунанд.

Инчунин Усмон Дембеле ва Филиппе Коутиню низ шояд қурбони гузариши Неймар ба “Барса” шаванд. Мақсади асосии “Барса” баргардонидани Неймар мебошад. Худи Неймар низ хоҳиши бозгаштро дорад.

Ёдовар мешавем, ки Гризманн бо қиммати 120 млн евро аз “Атлетико” ба “Барса” гузариш намуда буд.