“Барселона” ҳунарнамоиро дар Ҷоми Испания идома медиҳад

“Барселона” ҳунарнамоиро дар Ҷоми Испания идома медиҳад

“Барселона” дар бозии даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Испания бо намояндаи Сегунда Б “Корнеля” ҳунарнамоӣ кард. Мизбонон ба футболбозони “Барселона” муқовимати арзанда нишон доданд. “Нилунориҳо” дар вақти асосӣ имконият доштанд, ки пирӯз шаванд, аммо Пянич ва Дембеле ду пеналтиии ба дарвозаи ҳариф таъин шударо ба самар расонида натавонистанд. Дар вақти изофӣ фишори мемҳонон самар овард. Сараввал Усмон Дембеле (дақ 92) ва баъдан Брайтвайт (дақ 120+1) гол зада, “Барселона” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ҷоми Испания. Даври 1/16 ниҳоӣ.

“Корнеля” — “Барселона” 0:2

Голҳо: Дембеле, 92’, Брайтвейт, 120+1’