«Барселона» ва «Атлетико» оиди трансфери Мемфис Депай ба тавофуқ расиданд

«Барселона» ва «Атлетико» оиди трансфери Мемфис  Депай ба тавофуқ расиданд

Дар фурсатҳои наздик ҳамлавари «Барселона» Мемфис Депай бозигари «Атлетико» мешавад. Чӣ тавре журналист Фабрисио Романо дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, бошгоҳҳо аллакай ба розигӣ омадаанд ва ҳуҷҷатҳои лозимаро низ имзо кардаанд, ки дар асоси онҳо арзиши бозигар  2,7–3,7 млн евроро ташкил медиҳад.

Дар фурсатҳои наздик ҳолландии 28-сола баҳри гузаштан аз санҷишҳои тиббӣ ба шаҳри Мадрид меравад. Баъди он  футболбоз  таҳти қарордоде имзо мегузорад, ки он то моҳи июни соли 2025 амал мекунад.

Дар мавсими ҷорӣ Депай қариб, ки дар сафи нилунориҳо ба майдон намебаромад. Дар ҳисобаш ду бозӣ дар Ла Лига буда,  ӯ як гол дорад ва ҳамчунин як бозии дигар дар Лигаи чемпионҳо гузаронидааст.

Сарчашма: «Чемпионат»