“Барселона” Валвердеро сабукдӯш кард. Кике Сетйен – сармурабби нави даста

“Барселона” Валвердеро сабукдӯш кард. Кике Сетйен – сармурабби нави даста

Бошгоҳи “Барселона” дар сомонаи расмии худ оиди аз мақоми сармураббигии даста барканор кардани Эрнесто Валверде хабар дод.

Маъмурияти “нилунориҳо” пас аз ҷаласаи ситоди директорони даста, ки дирӯз, 13-уми январ доир гардид, ба хулосае омад, ки Валвердеро аз вазифааш сабукдӯш кунад.

Ҳамчунин “Барселона” оиди сармураббии нави даста расман хабар дод. Сармураббии нави бошгоҳ коршиноси маъруфи 61-сола Кике Сетйен гардид. Қарордоди ҳамкорӣ бо мутахассиси испанӣ то 30-юми июни соли 2022 баста шудааст. Маросими расмии муарифии сармураббии ҷадид имрӯз сурат мегирад.

1578955810_kike.jpg