Баскетболбозони ИМА бидуни мушкилӣ муқобили Пуэрто-Рико зафар ёфтанд
Мунтахабҳои баскетболи ИМА ва Пуэрто-Рико дар пешорӯи Ҷоми ҷаҳонии баскетбол -2023 бозии дӯстона анҷом доданд. Амрикоиҳо аз рақибони худ хеле қавӣ буданд. Онҳо дар ин бозии санҷишӣ тими миллии Пуэрто-Рикоро ба ҳисоби 117 бар 74 ғалаба карданд.
Энтони Эдвардс ва Камерон Ҷонсон голзанҳои беҳтарин дар ИМА буданд. Ҳар ду 15 холӣ гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки баскетболбозони амрикоӣ барои омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳонии соли 2023 дар кампуси Донишгоҳи Невада дар Лас- Вегас ҷамъомади тамринии чанд рӯз гузарониданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии соли 2023 якбора дар се кишвар дар Индонезия, Ҷопон ва Филиппин баргузор мешавад. Мусобикаҳо аз 25 август то 10 сентябр гузаронда мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқа 92 бозӣ бо ширкати 32 даста баргузор мешавад. Испания қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст. Дар финал испанихо бар Аргентина ғалаба карда буданд. (95:75).