"Бавария" аз “Галатасарай” дифоъгар мехарад
Дастаи "Бавария" –и шаҳри Мюнхен ба ҳимоятгари канори рости тими “Галатасарай” – Саша Боэ мароқ зоҳир кардааст ва ҳоло дар пайи трансфери ин бозигар аст. Дар ин бора хабарнигори Sky Sport Флориан Плеттенберг хабар додааст.
Тими шаҳри Мюнхен ба музокирот дар бораи интиқоли футболбози 23-солаи фаронсавӣ шурӯъ кардааст. Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи шаҳри Истамбул метавонад ин бозигарро ба маблағи 25 миллион евро фурӯшад.
Ёдовар мешавем, ки Боэ тобистони соли 2021 ба маблағи 1,15 миллион евро аз “Ренн” ба “Галатасарай” гузашта буд. Аз он вақт инҷониб ӯ дар ҳайати дастаи Истамбул 83 бозӣ карда, 4 гол ва 4 партофти головар кардааст. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар 31 бозӣ 2 гол задааст.
Шартномаи футболбоз бо «Галатасарай» то тобистони соли 2025 баста шудааст. Портали Transfermarkt арзиши Боэро 22 миллион евро арзёбӣ кардааст.