«Бавария» ба «ашрофзодаҳо» раҳм накард

«Бавария» ба «ашрофзодаҳо» раҳм накард

Дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаи “Бавария” бо тими “Челси” дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Алянс-Арена» сурат гирифта, бо натиҷаи 4:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. Дар ин дидор голҳои “Бавария”-ро Роберт Левандовски ду гол, Иван Перишич ва Корентин Толиссо муаллифӣ намуданд. Ягона тӯби “ашрофзодаҳо”-ро бошад, Тэмми Абраҳам ба нишон расонид. Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дастаҳо дар Лондон бо натиҷаи 3:0 ба суди “Бавария” хотима ёфта буд. Ҳамин тавр аз рӯи натиҷаи ду бозӣ “Бавария” бо ҳисоби ҳангуфти 7:1 пирӯз шуда, роҳхати даври ¼ ниҳоиро соҳиб шуд.