“Бавария” ба ҳимоятгари “Барселона” мароқ зоҳир кардааст
Бошгоҳи "Бавария"-и Мюнхен ба ҳимоятгари уругвайии тими "Барселона" - Роналд Араухо таваҷҷӯҳ дорад, хабар медиҳад рӯзноманигор Флориан Плеттенберг дар шабакаҳои иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Ба иттилои манбаъ, сармураббии «Бавария» - Томас Тухел шахсан ба Араухо таваҷҷӯҳ дорад. Дар баробари ин худи «Барселона» мехоҳад, ки ин бозигарро дар рӯйхати худ нигоҳ дорад.
Ёдовар мешавем, ки Араухо аз соли 2020 дар ҳайати «Барселона» бозӣ мекунад. Шартномаи футболбоз бо дастаи “Барселона” то тобистони соли 2026 ба тасвиб расидааст. Дар мавсими имсола футболбоз дар 11 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, як гол задааст.
Ёдовар мешавем, ки «Бавария» ҳоло бо 32 имтиёз дар Чемпионати Олмон дар ҷойи дуюм аст. «Байер» 2 имтиёз бештар аз “Бавария” дорад ва дар садри ҷадвали мусобиқот аст.