“Бавария” бо шарофати дубли Кейн “Пафос”-ро бо ҳисоби бузург шикаст дод

“Бавария” бо шарофати дубли Кейн “Пафос”-ро бо ҳисоби бузург шикаст дод

Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Пафос” ва “Бавария” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Лимасоли Кипр доир шуда, бо ҳисоби 5 бар 1 ба фоидаи “Бавария” анҷом ёфт.

Аз ҳайати “Бавария” голҳоро Ҳарри Кейн дубл, Рафаэл Геррейру, Николас Ҷексон ва Майкл Олисе ба самар расониданд. Ягона голи “Пафос”-ро Мислав Оршич ба ҳадаф расонид.

Ҳарри Кейн дар ин бозӣ дар ҳайати “Бавария” голҳои 101-ум ва 102-юмро ба самар расонид. Барои ҳамлагари англия 105 бозӣ лозим шуд то ба ин нишондиҳанда бирасад, ки рекорди нав ба ҳисоб меравад. Роналду ва Ҳоланд дар ҳайати як даста 100 голро дар 105 бозӣ ба самар расонидаанд.

Ёдовар мешавем, ки Кейн соли 2023 аз “Тоттенҳэм” ба “Бавария” гузашт. Шартномаи амалкунандаи бозингар бо клуб то тобистони соли 2027 мебошад. Ба иттилои портали Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз €75 миллионро ташкил медиҳад.