“Бавария” дар Лигаи Чемпионҳо рекорди нав гузошт

«Бавария» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо пайиҳам 36 бозӣ мағлуб нашуд ва бо ҳамин рекорди нави мусобиқаро гузошт.
Бошгоҳи шаҳри Мюнхен таҳти роҳбарии Томас Тухел пас аз пирӯзӣ дар бозӣ бо “Копенгаген” (2:1) дар даври 2-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо, ки дар он нимҳимоятгар Ҷамол Мусиала ва ҳамлагар Матис Тел аз ҳайати “Бавария” гол заданд, силсиларо тамдид кард.
Дастаи “Бавария” дар 36 бозӣ пай дар пай дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо шикаст нахӯрдааст, ки ин нишондод рекорди мусобиқа аст. Инчунин дастаи шаҳри Мюнхен дар марҳилаи гурӯҳӣ 15 бозӣ пайиҳам ғалаба кардааст, ки рекорди Лигаи Чемпионҳо мебошад.
Бори охир "Бавария" дар марҳилаи гурӯҳӣ соли 2017 аз дастаи “ПСЖ” бо ҳисоби (0:3) мағлуб шуда буд. Аз он вақт инҷониб бошгоҳи олмонӣ 33 ғалаба ва 3 мусовӣ ба даст овардааст.
Дар ҳоли ҳозир пас аз ду бозӣ бар “Манчестер Юнайтед” ва “Копенгаген” дар гурӯҳи “А”-и Лигаи Қаҳрамонҳо “Бавария” бо шаш имтиёз дар ҷои аввал аст.