“Бавария” дар Мадрид “Реал”-ро шикаст дод

“Бавария” дар Мадрид “Реал”-ро шикаст дод

Бозии аввали марҳилаи чорякниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Бавария” ба анҷом расид. Дар ин дидор дастаи шаҳри Мюнхен бо ҳисоби 2 бар 1 ба пирӯзӣ расид.

Вохӯрӣ дар варзишгоҳи бошукуҳи “Сантяго Бернабеу” баргузор гардида, доварии онро Майкл Оливер аз Англия ба уҳда дошт.

Ҳисобро дар дақиқаи 41-ум Луис Диас боз кард ва меҳмононро ба пеш баровард. Дар оғози қисми дуюм, дар дақиқаи 46-ум Ҳарри Кейн бартариро “Бавария”-ро дучанд намуд. Дар дақиқаи 74-ум Килиан Мбаппе ягона голи “Реал Мадрид”-ро ба самар расонид.

Қобили зикр аст, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 15-уми апрел дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи 1/8 финал “Реал” аз рӯи натиҷаи ду бозӣ “Манчестер Сити”-ро бо ҳисоби 5:1 мағлуб карда буд. “Бавария” бар “Аталанта” бо ҳисоби умумии 10:2 ғолиб омада, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта буд.