«Бавария» дифои қаҳрамониро оғоз кард

«Бавария» дифои қаҳрамониро оғоз кард

Бозии аввалини мавсими 2020-21-и Бундеслига дар варзишгоҳи “Алянтс-Арена” сурат гирифт, ки дар он дастаҳои “Бавария” ва “Шалке” ба майдони рақобат ворид шуданд.

“Бавария” ба ин бозӣ ҳамчун қаҳрамони Олмон, қаҳрамони ҷоми Олмон ва ҷоизадори медалҳои тиллои ЛҚ ворид шуд. “Шалке” бошад дастаи заифтарини соли 2020 буд, чун бори охир моҳи январи соли ҷорӣ ғалаба ба даст овард.

Бозӣ аз сонияҳои аввал бо бартарии мюнхениҳо оғоз шуд ва ҳанӯз дар дақиқаи 4-ум Серж Гнабри аввалин голи мавсимро ба номаш мӯҳр зад. Голи ӯ зудтарин гол дар зарфи 18 сол дар бозии аввалини мавсим ба ҳисоб меравад. Голи дуюмро зиёд интизор нашуданд. Дар дақиқаи 19-ум собиқ футболбози “Шалке” Леон Горетска бори дуввум тӯбро ба тури дарвозаи гелзенкирхиниҳо равон сохт. Левандовский ҳам ҳисоби гоҳои худро дар нимаи аввал кушод. Ӯ аз пеналти дар дақиқаи 31-ум ҳисобро 3:0 намуд. Нимаи дуввум ҳеҷ фарқе аз қисми аввал надошт. Бозигарони Бавария 5 голи дигарро дар қисми дуввуми рақобат заданд. Муаллифи голҳо Серж Гнабри (2 гол), Томас Мюлер, Лерой Сане ва Ҷамал Мусиала шуданд.

Чанд омори муҳим

Левандовский голи 163-юми худро дар ҳайати Бавария ба самар расонда, ба зинаи дуввум баромад. Ӯ аз Руминеге пеш гузашт. Бештар аз Левандовский танҳо Герд Мюллер (365 гол) дар сафи Бавария гол дорад.

Лерой Сане дар дебюти хеш дар Бавария 2 партофти головар намуда, ба задани як гол даст ёфт. Левандовский дар 10 бозӣ бар муқобили Шалке пайдарҳам 10 гол задаст, ки ин рекорди лига ба ҳисоб меравад.